Дастаи мунтахаби миллии футболи Бангладеш ба Тоҷикистон омад
Душанбе,31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии футболи Бангладеш барои бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби миллииТоҷикистон дирӯз, 30 май, вориди Душанбе шуд. Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутахассиси ҳолландӣ Людовик де Круиф, сармураббии тими мунтахаби Бангладеш, ба бозӣ муқобили тими Тоҷикистон 23 бозигар овардааст. Дирӯз футболбозони Бангладеш дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе аввалин тамрини худро анҷом доданд.
Доварони бозии аввали плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш аз Сурия мебошанд. Довари ФИФА Ҳанно Хаттоби 27-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Алӣ Аҳмади 35-сола ва Мазен Зазфуни 38-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Ферас Тавили 33-сола ба зимма дорад. Масъуд Муродии эронӣ нозири доварон ва Чен Хин Чун аз Ҳонконг комиссари бозӣ мебошанд.
Бозии аввали плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобии ин ду даста рӯзи 7 июн дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад.
Дар марҳилаи аввали плей-офф даҳ дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, ширкат намуда, панҷ дастаи ғолиби марҳилаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбанд.
Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳилаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳила се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳилаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳилаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбанд.
Аз 11 дастаи марҳилаи плей-офф ҳашт даста бо 16 дастаии мунтахаби даври гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, бори аввал 24 даста ширкат меварзанд.
Марҳалаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019:
Бозиҳои аввал
2 июн (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Бангладеш
Тайван – Камбоҷа
Молдив – Яман
Малайзия – Тимори Шарқӣ
Лаос – Ҳиндустон
Бозиҳои ҷавобӣ
7 июн (сешанбе)
Бангладеш – Тоҷикистон
Камбоҷа – Тайван
Яман – Молдив
Тимори Шарқӣ – Малайзия
Ҳиндустон – Лаос








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






