Дилшод Назаров дар мусобиқоти «Лигаи бриллиантӣ»-и ИМА медали нуқра гирифт

Май 31, 2016 12:01

Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳилаи чоруми «Лигаи бриллиантӣ»-и варзиши сабук дар Юҷина (ИМА) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,12 метр партофта, ба дарёфти медали нуқраи ин мусобиқот шарафёб гардид.
Зинаи якумро  дар ин мусобиқот  Павел Файдек аз Лаҳистон (Полша) бо натиҷаи 80,28 метр ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 76,86 метр боз як варзишгар аз ҳамин кишвар Войсех Новитский касб кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар ин мусобиқа ӯ гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дода буд.
Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

Май 31, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад