Дуввумин медали нуқраи пайдарпаи Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ

Май 25, 2016 09:05

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.Баҳодури тоҷик  Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон соҳиби медали нуқра гардид. Ин дуввумин медали нуқраи Дилшод дар ду ҳафтаи охир аст.
Дилшод Назаров  ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон (Полша), бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр мақоми аввалро касб кард.
Натиҷаи нишондодаи Дилшод Назаров дар ҳафтаи гузашта  дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех ба  78 метру 82 сантиметр баробар буд. Рақиби асосии ӯ дар мусобиқоти олимпии Рио-2016  Павел Файдек он вақт бо нишондоди 80,66 метр ғолиб омада буд.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари Тоҷикистон аст, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 ро комёб шудааст.

Май 25, 2016 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад