Фестивал-озмуни «Тараннуми Истиқлол» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил, мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» дар се давр баргузор мегардад.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, дар айни замон даври аввал ва дуввуми Фестивал дар минтақаҳо ҷамъбаст гардида, тибқи Низомнома даври ниҳоии он 1 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор хоҳад гашт.
Дар консерт беҳтарин ҳаваскорон-ғолибони даври аввалу дуввум аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






