Фестивали минтақавии КФО имрӯз дар дараи Алмосӣ оғоз меёбад

Май 26, 2016 08:47

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз дар варзишгоҳи Академияи «Истиқлол», дар дараи Алмосӣ фестивали минтақаи Осиёи марказӣ ва ҷанубии Конфедератсияи футболи Осиё бо ширкати 6 дастаи наврасони то 14- сола оғоз меёбад.
Футболбозони навраси мамлакат бо ҳидояти сармураббиашон Носир Ҳамидов тибқи қуръакашӣ дар аввалин бозиашон субҳи имрӯз бо дастаи мунтахаби Афғонистон вориди майдон мешаванд.
Бозии дуввуми футболбозони мо бо тими мунтахаби Эрон бино ба тақвими мусобиқот шоми имрӯз баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивал дастаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Непал, Ҳиндустон ва Қирғизистон ширкат меварзанд ва бозиҳо дар як давр гузаронида мешаванд.

Май 26, 2016 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад