Гурӯҳҳое ҳастанд, ки хостори ворид намудани халал дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия мебошанд
Душанбе, 19.05.2016/АМИТ Ховар/. Ҳастанд шахсон ва гурӯҳҳое, ки хостори ворид кардани халал дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия мебошанд. Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров -Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, ки дар шаҳри Санкт-Петурбург доир гардид, иброз дошт.
Шукурҷон Зуҳуров аз қазияи оромгоҳи Хованскии шаҳри Маскав, ки боиси ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани 23 нафар шаҳрвандон гардид, изҳори таассуф ва нигаронӣ карда, аз ҳамтои русаш хостори ҳалли мунсифонаи ин қазия шуд. Ш. Зуҳуров аз Валентина Матвиенко тақозо кард, ки барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани қотилон ва ҳомиёну фармоишгарони ин ҳодиса аз тариқи кумита ва комиссияҳои дахлдори Шӯрои Федератсия назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки ҳодисаи рухдода ба вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири манфи мерасонад. Чун анъана баъд аз рух додани ҳодисаҳои марбут ба муҳоҷирон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия фишорро болои муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр менамоянд. Дар айни замон тавассути васоити ахбори оммаи Русия аз ҷониби бархе сиёсатмадорон, аъзои Шӯрои Федератсия ва вакилони Думаи давлатии Русия мисли ҳарвақта пешниҳодҳои ворид кардани раводид бо Тоҷикистон ва берун кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави Русия садо дода истодаанд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебренников чунин пешниҳод намуд.
Чунин ҳолат тафаккури оммаро бар зидди муҳоҷирон ташаккул дода, заминаро барои хориҷ кардани шаҳрвандони мо бидуни асосҳои қонунӣ фароҳам меоварад.
Аммо тавре агентии Sputnik 18 май иттилоъ дод, дар яке аз мусоҳибаҳояш Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия изҳор намудааст, ки чунин пешниҳод қобили қабул ва арзандаи баррасӣ нест.
Ба андешаи Матвиенко, ба ҳодисаи оромгоҳи Хованск муҳоҷирин не, балки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи пойтахти Русия сабабгоранд.








Ҳайати Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Миср мулоқот намуд
Аввалин машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Миср баргузор гардиданд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мулоқот намуд
Дар Душанбе раванди татбиқи санаду барномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии Кумитаи ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Қоҳира машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср баргузор гардид
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон баррасӣ гардид






