Гурӯҳҳое ҳастанд, ки хостори ворид намудани халал дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия мебошанд

Май 19, 2016 15:44

Душанбе, 19.05.2016/АМИТ Ховар/. Ҳастанд шахсон ва гурӯҳҳое, ки хостори ворид кардани халал дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия мебошанд. Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров -Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, ки дар шаҳри  Санкт-Петурбург доир гардид, иброз дошт.
Шукурҷон Зуҳуров аз қазияи оромгоҳи Хованскии шаҳри Маскав, ки боиси ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани 23 нафар шаҳрвандон гардид, изҳори таассуф ва нигаронӣ  карда, аз  ҳамтои русаш хостори ҳалли мунсифонаи ин қазия шуд. Ш. Зуҳуров аз Валентина Матвиенко тақозо кард, ки барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани қотилон ва ҳомиёну фармоишгарони ин ҳодиса аз тариқи кумита ва комиссияҳои дахлдори Шӯрои Федератсия  назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки ҳодисаи рухдода ба вазъи  будубоши  шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири манфи мерасонад. Чун анъана баъд аз рух додани  ҳодисаҳои марбут ба муҳоҷирон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия фишорро  болои муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр менамоянд. Дар айни замон  тавассути васоити ахбори  оммаи Русия аз ҷониби бархе сиёсатмадорон, аъзои Шӯрои Федератсия ва  вакилони Думаи  давлатии Русия мисли ҳарвақта пешниҳодҳои ворид кардани раводид бо Тоҷикистон ва берун кардани  муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави Русия садо дода истодаанд. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебренников чунин пешниҳод намуд.
Чунин ҳолат тафаккури оммаро бар зидди муҳоҷирон ташаккул дода, заминаро барои хориҷ кардани шаҳрвандони мо бидуни асосҳои қонунӣ  фароҳам меоварад.
Аммо тавре агентии Sputnik 18 май иттилоъ дод, дар яке аз мусоҳибаҳояш   Валентина Матвиенко,  Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия изҳор намудааст, ки чунин пешниҳод қобили қабул ва арзандаи баррасӣ нест.
Ба андешаи Матвиенко, ба ҳодисаи оромгоҳи Хованск муҳоҷирин не, балки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи пойтахти Русия сабабгоранд.

Май 19, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид