Гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ мехост дар Рӯзи Ғалаба дар Москва ва Душанбе бо номи «Тӯи сурх» амалҳои террористӣ анҷом диҳад
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ — аъзоёни ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» боздошт гардиданд, ки қасди анҷом додани амалҳои терррористиро 9-уми май, дар Рӯзи Ғалаба дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе доштанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати колрҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
2 майи соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар шаҳри Москва, дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ ва мақомоти қудратии Федератсияи Россия аъзоёни гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» Саитов Айбек Салихджанович, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, миллаташ узбек, Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россияро дорад, дастгир гардида, аз онҳо ду автомат ва ду тирдон бо тирҳояшон мусодира карда шуданд.
Ҳангоми дастгир кардани ин гурӯҳи террористӣ Саитов А. муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҷароҳат бардошт. Айни ҳол ӯ дар беморхона қарор дорад.
Рӯзи 6 майи соли ҷорӣ ҳаммаслаки онҳо шаҳрванд Менгликулов Достон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ узбек, аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ҳангоми аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон барои содир намудани амали террористӣ омаданаш дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир гардид. Аз руи нишондоди Менгикулов Д.Х. се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён дастгир карда шуда, инчунин аз ҷои зисти Саитов А.С. лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили дастгиршудагон дар ноҳияи Қубодиён як адад компютери тамғаи «ноутбук», 6 флешкорт, 30 дона диск, 10 дона китобҳои экстремистӣ, 1 адад харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 компас, инчунин ду адад дастгоҳи мухобира ва ду адад таппончаҳои дарсомузӣ дарёфт ва мусодира гардиданд.
Дастгиршудагон аз ҷониби мубаллиғони гуруҳи террористии ба ном «Давлати Исломӣ», ки айни ҳол дар давлати Сурия қарор доранд, раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи «Тӯи сурх» («Красная свадьба») номгузорӣ ва тарҳрезӣ намудаанд.
Айни ҳол нисбати номбурдагон чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад.