«Хизмати Мадад» бо рақами телефонии 19-19 ба фаъолият шурӯъ кард

Май 3, 2016 11:45

Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли равон дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони «19-19 Мадад» ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19» ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайваст шуда, шаҳрвандон ва намояндагони идораву корхонаҳо метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPS, CDMA), хонагӣ ва корӣ занг зада, пеш аз ҳама, оид ба тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои табиӣ, мушкилоти тиббӣ, сӯхтор, фаромадани тарма, ярч, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Кормандони «Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19» шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба таври фаврӣ вазорату сохторҳои дахлдорро пайваст намуда, ба ҷои ҳодиса сафарбар менамоянд.
Ҳамзамон овози шахси хабардиҳанда сабт гардида, маълумот ба қайд гирифта шуда, ҷараёни тадбирҳои андешидашуда қатъиян назорат карда мешавад.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ зимни боздид аз шароити хизматии кормандони «Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19» дастур дод, ки хадамоте, ки ҳаётан муҳиманд, ба монанди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, «Ёрии таъҷилӣ», барқ, оташнишонӣ ва дигар сохторҳо бояд ба ин алоқа мутобиқ гардонида шуда, дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар минтақаҳои ниҳоят дурдасти ҷумҳурӣ телефонҳои алоқаи мобилӣ бо васл намудани таҷҳизоти зарурӣ пайваст гардиданд, ки аз онҳо на танҳо кормандони милитсия, балки мардуми маҳал низ барои ҳалли мушкилоташон истифода карда метавонанд.
Дар баъзе мавридҳо барои мадад ва ҳал намудани мушкилоти мардум нақлиёти махсус сафарбар карда мешавад.

Май 3, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад