Ифтитоҳи «Корвони тиҷорати Покистон» ва «Фестивали манго» дар Душанбе

Май 24, 2016 15:24

Душанбе, 24.05.2016/АМИТ «Ховар»/.  Беш аз 40 ширкати бузурги покистонӣ маҳсулоти худро 24 май дар дар  намоишгоҳи  «Корвони тиҷорати Покистон», ки дар Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Тариқ Иқбол Сомро -сафири  Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Робия Ҷавори Оғо, котиби созмони рушди тиҷорати Покистон доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар сухан карда, баргузории намоишгоҳи молҳои Покистон дар Душанбе таҳти унвони  «Корвони тиҷорати Покистон» -ро қадами устувор  дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки тӯли солҳои охир  равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни  ду кишвар  бо иқдом ва саъю талоши роҳбарони ҳар ду кишвар тақвият меёбанд.  Оғози татбиқи  тарҳи бузурги минтақавии  «CASA-1000 », ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лоҳури Покистон, боздиди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон аз кишварҳои ҳамдигар аз тавсеаи равобити мутақобилан судманди ду кишвар шаҳодат  медиҳад . Гардиши  мол байни ду кишвар дар соли 2014-ум  89 миллион $-ро ташкил дода, инчунин сарони ҳар ду кишвар хостори баланд бардоштани сатҳи мубодилаи мол байни  ду давлат дар зарфи се соли  оянда ба 500 миллион $ мебошанд. Дар ин росто танҳо дар зарфи як соли охир дар Душанбе се намоишгоҳи  молҳои истеҳсоли Покистон, инчунин ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Покистон баргузор гардида, дар он масоили  марбут ба тавсеаи равобити иқтисодӣ байни ду кишвар матраҳ гардиданд. Зикр шуд, ки ҳар ду кишвар дар башхҳои гидроэнергетика, коркарди захираҳои кӯҳӣ, сохтмон, нақлиёт, телекомммуникатсия, саноати сабук, хӯрокворӣ, фармасевтика, коркарди маҳсулот, туризм, тандурустӣ ва маориф имконияти зиёд доранд.
Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи «Корвони тиҷорати Покистон»  бо ибтикори    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати  Покистон дар Қазоқистон, ширкати «Eurasian Trade Events»,  дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати  савдои Покистон  гузаронида шуда, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону  Покистон ва муаррифии молҳои Покистон аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ мебошад.
Дар намоишгоҳ молҳои истеҳсоли ширкатҳои Покистон, ки аз маҳсулоти нассоҷӣ, чарм, либос, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои  варзишӣ, тиб: дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ  ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷавоҳирот, маҳсулоти дастии ҳунармандони покистонӣ ва дигар молу маҳсулот иборат буд,  ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Ҳамзамон дар доираи баргузории намоишгоҳ «Фестивали манго» баргузор карда шуд.
Интизор меравад, ки дар доираи  намоишгоҳ  мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Покистон   гузаронида шуда, дар он масъалаҳои  муҳими  тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак байни  ду кишвар матраҳ хоҳад гашт.

Май 24, 2016 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид