Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2016 10:52

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ кард.

Хотиррасон бояд кард, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 таъсис ёфта аз 43 нафар, аз ҷумла Раис, муовини Раис, котиби масъул ва аъзои Шӯро иборат аст.

Таъсиси Шӯро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.

Сарвари давлат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.

Тавре таъкид гардид, зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат дар нисбати ҷавонони саодатманди кишвар буда ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда аз намояндагони ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои терористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда бештар ба донишандузӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишии худ машғул шаванд ва дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Шӯро, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, вусъати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таъмини пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори замонавӣ барои он, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ ба ҷавонон барои пешбурди соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина ташкили корҳои хонагӣ аз қабили ресандагиву бофанд агӣ, қолинбофиву зардӯзӣ ва дигар навъҳои косибӣ, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавону фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо, инчунин мусоидат ба пешгирии роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шӯро ва дигар иштирокчиёни ҷаласа — Абдуллозода Аҳтам Рустам — раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳзод Раҳимзода — сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Сураҷ Чоршанбиев — мудири бахши ҷавонони раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Фатҳиддин Солеҳов — директори Маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрухсор Фармонова — олимаи ҷавон ва Гулафзо Пирова — хонандаи синфи 10 — и мактаб — гимназияи давлатии ноҳияи Бохтар, гирандаи стипендияи президентӣ баромад намуда, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва ташаббусу ғамхориҳои рӯзафзун баҳри ҷавонони ҷумҳурӣ изҳори сипос карданд,

Аъзои Шӯро дар ҷаласаи нахустин тамоми масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридгардидаро баррасӣ намуда, мавзуъҳои ҷаласаи оянда ва вазифаҳоро муайяну мушаххас карданд.

Май 27, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд