КМИР ҶТ: дар 29 кишвари хориҷӣ 36 участкаи овоздиҳӣ ташкил гардид
Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷӣ 36 участкаи овоздиҳӣ барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда буданд. Дар ин бора Бахтиёр Худоёрзода зимни брифинги Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ итттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар баробари 120 мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҳамчунин 7 ҳазору 500 нафар мушоҳидони миллӣ аз ҳисоби иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шудани раъйпурсӣ саҳми аразандаи худро гузоштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






