Конфронс: «Муқовимат ба терроризм-дастовардҳо ва мушкилот»
Душанбе, 3.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа Конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм- дастовардҳо ва мушкилот» барпо гардид.
Прокурори вилоят Насрулло Маҳмудов зикр кард, ки аз соли 1997 инҷониб дар ҷумҳурӣ 14 созмони экстремистӣ маҳв карда шуда, фаъолияти 12 ташкилоти дигари террористию экстремистӣ аз ҷониби Суди Олӣ манъ карда шудааст. «Танҳо дар се соли охир 351 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба 438 нафар парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки ин рақам нигаронкунанда мебошад»,-афзуд Н. Маҳмудов.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят таъкид кард, ки тамоми фаъолони ҷомеа бояд дар роҳи мубориза бо экстремизм, маҳви таассубу бегонапарастӣ дастаҷамъона амал ва барои муқовимат бо зуҳуроти номатлубу осебрасон ба амнияти миллию давлатӣ бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ кунанд.
Ширкатдорони ҳамоиш перомуни пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои ифротӣ, хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






