Кормандони ВКД беш аз 100 ҳазор асъори қалбакии Федератсияи Русияро мусодира карданд
Душанбе, 23.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ошхонаи Равшанҷон-и назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд, зани 46-солаи сокини шаҳри Панҷакентро бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, дар вақти азназаргузаронии ҳамёни дастгиршуда аз дохили он 9 адад асъори қалбакии бонки Федератсияи Русия, ҷамъ ба маблағи умумии 45 ҳазор рубли Федератсия Россия дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо гумонбар маълум гардид, ки ӯ ин маблағҳоро соли 2015 аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардааст.
Инчунин дар ҷараёни тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда 2 адад купюраҳои 5 ҳазор рублии қалбакии Федератсияи Русияро бар ивази 500 сомонӣ ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров додааст.
Номбурда ба ҳамсояаш, марди 44-солаи сокини ш.Қайроққум, барои иваз намудани боқимонда маблағҳои қалбакии дар даст доштааш муроҷиат намуда ва ба шахси мусоидаткунанда 50 ҳазор рубли қалбакии Федератсияи Русияро пешниҳод намудааст.
Ҷамъи маблағҳои гирифташуда- 21 адад асъори қалбакӣ, яъне 105 ҳазор рубли Федератсияи Русияро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ, маблағҳои гирифташуда қалбакӣ мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






