Кӯмаки молиявии Пешвои миллат ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон

Май 7, 2016 17:04

Душанбе, 7.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда аз 23 апрели соли 2016 таҳти рақами 710 Амрро дар бораи расондани кӯмакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба тасвиб расонд.

Дар асоси ин Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ маблағ, ба ҳар як нафар 2000 сомонӣ ҷудо намуд.

Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни рӯзи ғалаба то 5 майи соли равон маблағҳои кӯмаки Пешвои миллатро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас карданд.

Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раисони вилоятҳову шаҳрҳо ба маблағи 1 500 сомонӣ ва раисони ноҳияҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ иловатан ба иштирокчиёну маъюбони ҷанг кӯмакпулӣ тақдим карда шуд.

Ҳамин тавр дар маҷмуъ ҳамаи 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ кӯмаки яквақтаи молиявӣ гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ собиқадорони ҷангро мавриди ғамхорӣ қарор дода, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ мерасонанд.

 

Май 7, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд