Манъи «Занги камолот»-ро дастгирӣ мекунанд

Май 30, 2016 11:50

Хоруғ, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳе аз кормандони Раёсати маориф ва илми ВМКБ барои фахмонидани қарори мушовари Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо иддае аз омӯзгорону волидони хатмкунандагон дар вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Муовини сардори раёсати мазкур Абдулвоҳид Абдулҳофизов гуфт, ки дар чанд соли охир дар рӯзи баргузории маҳфили расмии «Занги камолот» хатмкунандагон худсарона барномаҳои дигарро «таҳия» карда, дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳӣ бо мошинҳои кироякардаашон бетартибона чарх зада, ба ҳаракати бонизоми мошинҳо халал ворид мекарданд. Дар ин рӯз онҳо бидуни иҷозати омӯзгорону волидон ба истироҳатгоҳҳо рафта, шабро дар он ҷо рӯз мекарданд. Ҳолатҳои сар задани садама ва ба ҳалокат расидани хатмкунандагон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят гуфт, ки ҳам омӯзгорон ва ҳам волидон ин  қарори вазоратро бо хушҳолӣ истиқбол гирифтанд.
Мутобиқи ин қарор 7  июни соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо ба таври муқаррарӣ ва мувофиқи ҷадвал баргузор мегарданд.

Май 30, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад