ММТ: Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 кори хаттӣ ҷорӣ мешавад
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони маҳаллӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсади чорабинӣ иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 31-уми август то 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷиҳати ворид намудани кори хаттӣ (эссе — иншои мухтасар) аз фанни забони тоҷикӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 мебошад.
Дар семинар, ки бо дастгирии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон баргузор шуд, мушовирони байналмилалии ширкати Anglia Assessment Ltd — Алгирдас Забулионис ва Ҷорҷ Бетелл иштирок намуданд.
Барои ҷорӣ намудани кори хаттӣ (иншои мухтасар) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 зарур дониста шуд, ки гурӯҳи корӣ фаъолияташро ҳаматарафа ба роҳ монда, ҷиҳати омода намудани омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дастурҳои методӣ таҳия намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






