Мубориза бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ вазифаи ҳамагон аст

Май 3, 2016 11:14

Душанбе, 3.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадори вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани шумораи беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин амали номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифт. Зикр гардид, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва афзоиши шумораи нашъамандон дар вилоят ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтаву ба иқтисодиёт зарари калон расонида, ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки мубориза бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ набуда, балки вазифаи ҳамагон, алалхусус роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, мақомот, ташкилот, корхонаю идораҳо ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба шумор меравад.

Май 3, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад