Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Президенти Афғонистон

Май 10, 2016 18:45

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот ба масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дўст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият бахшид. Аз ин рў, мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем. Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурўҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии кишварҳои мо мебошад, зикр шуд дар мулоқот.
Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ хостори густариши муносиботи парлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти начандон зиёди худ дар минтақа ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.

Май 10, 2016 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар