Мулоқоти варзишгарони шаҳри Бӯстон бо чемпиони Осиё
Бӯстон, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 20 рӯзи ҷавонӣ ба истиқболи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон! ва баргузории раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон байни қишрҳои гуногуни ҷомеа силсилаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ баргузор мегарданд.
Чанде қабл мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба гӯштини миллӣ байни наврасону ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар варзишгар аз 9 дастаи шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ширкат ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа дар 14 вазн байни наврасон ва 10 вазн байни ҷавонону калонсолон баргузор гардид.
Ҳамчунин бо мақсади табодули таҷриба ва сайқал додани малакаву маҳорати варзишӣ дар мусобиқаи мазкур аввалин чемпиони Осиё аз Тоҷикистон оид ба дзюдо, паҳлавони номдори кишвар Комроншоҳи Устопириён даъват ва ба ӯ ҳамчун разми дӯстиву рафоқат туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуда, оид ба ҳолномаи варзишгари номӣ ва дастовардҳои варзишии ӯ дар арсаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба ҳозирин маълумот дода шуд. Комроншоҳи Устопириён варзишгаронро барои вусъати тамринҳо ва ширкат дар мусобиқаҳои гуногунсатҳ даъват намуда, ба ҳамаи онҳо барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ муваффақиятҳо таманно намуд.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони чемпиони Осиё даст ёфта, баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дуюмин варзишгари кишвар аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия мушарраф шудааст.








ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст






