Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 майи соли 2016 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комилов доир гардид.
Зимни мулоқот миёни вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон табодули афкор сурат гирифта, мавзӯи ҳамкории ду давлат дар ҳошияи СҲШ баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рушди фарогир ва мунтазами ҳамкорӣ бо Узбекистон ба ҳайси ҳамсояи наздиктарини худ, дар заминаи ҳусни эътимоди тарафайн манфиатдор аст.
Дар вохӯрии Сироҷидин Аслов ва Абдулазиз Камилов ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






