Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

Май 10, 2016 12:18

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташрифи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки: Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари шумо ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон истиқбол менамояд.
Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноат карданд.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион долларро ташкил дод, ки ин нокифоя аст.
Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли равон ҳудуди 250 миллион киловатт-соат неруи барқ интиқол дод.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии CASA-1000 имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди нерӯи барқро ба Афғонистон фароҳам меорад. Тоҷикистон инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони хатти роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон таъкид намуд.
Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд, зеро ин омил метавонад боиси рушди робитаҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, ҳамчунин густариши ҳамкории гуманитариву фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар гардад.
Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Пас аз анҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба имзо карданд. Инчунин дар ҳузури сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.
Дар толори Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Май 10, 2016 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон