Мусобиқаи шиноварӣ
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» 19 майи соли 2016 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи кушод оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он 68 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 намуд- усулҳои тарзи озод, брасс, тахтапушт ва эстафета дар масофаи 50 метр гузаронида шуд.
Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
«Мақсади мусобиқа-ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш, тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мебошад», — иброз дошт Бахтёр Исматҷонов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






