На ҳамаи волидон дар тарбияи фарзандон масъулият эҳсос мекунанд

Май 19, 2016 15:56

Хоруғ, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ширкати масъулини муассисаҳои таълимӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сабти ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят дар муассисаи давлатии Мактаби президентӣ оид ба иҷрои бандҳои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»  мулоқот баргузор шуд. Муовини директор оид ба таълим ва тарбияи мактаби мазкур Айниддин Сомиддинов гуфт, ки баъди даргириҳои дохилии солҳои навадум  иртиботи оила бо мактаб  коҳиш ёфт ва ин раванди номатлуб минбаъд  ба ҷараёни таҳсил таъсири амиқ гузошт. Барои бори дигар барқарор кардани ин иртибот ва баланд бардоштани масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон бо дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қонуни махсус қабул гардид. Аммо бо гузашти панҷ сол аз қабули ин қонун ҳанӯз ҳам иддае аз волидон нисбат ба тарбияи фарзандон назари сар-сарӣ доранд ва дар маҷлисҳои волидон комилан ширкат намекунанд. Ҳатто баъзе аз онҳо намедонанд, ки фарзандонашон дар кадом синф таҳсил мекунанд. Дар ҳоле ки бе ширкати оила ва ҷомеа мактаб ба танҳоӣ наметавонад насли шоистаи замонро ба воя расонад.
Сардори Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят  Майсара Мирзобайтова изҳор дошт, ки дар баъзе маврид волидон баъди ба синни мактабӣ расидани фарзандашон ба таҳияи асноди ӯ машғул мешаванд. Ба наздикӣ як тан аз волидон ба муассисаи онҳо барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд омад. Баъди суҳбат маълум гардид, ки фарзандаш 7 сола асту ҳанӯз шаҳодатномаи таваллуд надорад. Азбаски барои чунин қонуншиканӣ ҷаримаи сабук пешбинӣ шудааст, волидон бепарвоӣ зоҳир мекунанд.
Аз ин рӯ ман пешниҳод мекунам, ки барои чунин хунукназарӣ нисбат ба тақдири фарзандон барои волидон бояд ҷазои сахттар пешбинӣ шавад.
Дар мулоқот  хонандагони синфҳои болоӣ низ ширкат доштанд ва ба суолҳои худ вобаста ҳуқуқу уҳададориҳои волидону омӯзгорон маълумоти бештар пайдо карданд.

Май 19, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд