Нахустин бохти «Саройкамар» дар мусобиқаи Лигаи аввал
Душанбе,18.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ғолиби феълии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, дар даври панҷум дар меҳмонӣ аз тими «Парвин»-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти футболбозони ноҳияи Панҷ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Дастаи «Саройкамар» дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз ба ҷойи дуюм фуромад.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ, ки бар тими мизбон — Коммуна-и Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад.
Ёдовар мешавем, ки тими Панҷшер низ 12 имтиёз дорад ва таносуби тӯбҳояш нисбат ба Саройкамар беҳтар аст.
Дастаи «Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ тими «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби калони 6:3 шикаст дод, бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






