Намоиши аксҳои Шуҳратёр бахшида ба 25- солагии Истиқлолият
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 маи соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ намоиши аксҳои Шуҳратёр баргузор гардид.
Дар намоиш беҳтарин аксҳои Шуҳратёр Ёров интихоб гардидаанд, ки фаъолияти заҳматкашон, зебоии зани тоҷик ва табиати зебои Тоҷикистон бозгӯйӣ менамоянд.
Ба андешаи муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Бахтиёр Одинаев фаъолияти эҷодии Шуҳратёр Ёров бисёр фарох буда, ҳама ҷанбаҳоро дар бар мегирад ва донишҷӯён метавонанд аз тамошои он ба худ як ҷаҳон маънӣ бардоранд.
Намоиши аксҳои Шуҳратёр то 20 май идома ёфта, беҳтарин аксҳо ба намоиш гузошта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






