Натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқӣ: 88,3% иштирок намуданд

Май 22, 2016 18:33

Душанбе, 22.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 май соати 6-и субҳ дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оғоз гашт, ки соати 20:00 анҷом меёбад.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи маълумоти аз 68 комиссияҳои ҳавзавӣ воридгардида, то соати 18:00-и 22 май дар саросари ҷумҳурӣ 3 миллиону 888 ҳазору 388 нафар раъйдиҳандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки 88,3 фоизи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки то соати 12:00-и 22 май дар саросари ҷумҳурӣ 2 миллиону 933 ҳазору 812 нафар раъйдиҳандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки 66,6 фоизи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, мутобиқи қонунгузории кишвар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисоб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3 ҳазору 239 участкаи раъйпурсӣ ташкил шуд. Дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон бошад, дар 29 давлати хориҷӣ 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил гардид. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия-дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Уфа 3 участкаи раъйпурсӣ кушода шуданд.

Ҷараёни раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 ҳазору 500 мушоҳидони миллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар комиссияҳои ҳавзавӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин зиёда аз 120 мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида карданд.

Натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ 23 май мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.

Май 22, 2016 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд