Нисбат ба баргузории раъйпурсӣ ягон арзу шикоят пешниҳод нагардидааст
Душанбе, 23.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Маъракаи муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз, 22 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар асоси қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффофу демократӣ доир гардида, ягон муроҷиат ва арзу шикоят нисбат ба раъйпурсӣ пешниҳод нагардидааст»,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/кишвар . Мавсуф 23 май дар нишасти хабарӣ аз натиҷаи пешакии баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, гуфт, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ аз 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафар раъйдиҳандагони сабти номшуда, 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар ширкат намуда, раъй доданд, ки 92% -и ташкил медиҳад. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки 94,5%-ро ташкил дода, раъйпурсӣ баргузоргардида ҳисобида мешавад.
Инчунин раиси КМИР-и ҷумҳурӣ зикр намуд, ки ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар Тоҷикистон 120 нафар мушоҳидони байналмилалӣ ва 7,5 ҳазор мушоҳидони миллӣ мушоҳида намуда, дар инъкоси раъйпурсӣ дар васоити ахбори омма ҳудуди 360 нафар хабарнигорони ватанию хориҷӣ саҳм гузоштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






