Нозирони байналмилалӣ бо корҳои омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқии Сафорати ҶТ дар ФР шинос гардиданд

Май 20, 2016 17:50

Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо нозирони байналмилалӣ аз ҳисоби Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ Вадим Бекетов ва Кумитаи иҷроияи ИДМ Афонина Марина, ки ҷараёни баргузории раъйпурсии умумхалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумуҳарии Тоҷикистонро рӯзи 22 майи соли равон назорат мекунанд, вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ нозирони байналмилалӣ бо корҳои омодагирӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри  Маскав баргузор мегардад, шинос гардиданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР иттилоъ доданд, Сафири Тоҷикистон зикр кард, ки участкаи раъйдиҳии № 57 дар бинои Сафорат тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ пурра омода шудааст.  Комиссияи  участкавӣ оид ба баргузории раъйпурсӣ корҳои зиёдро роҷеъ ба маъракаи сиёсии дарпешистода барои хабардор намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат менамоянд, анҷом дода, тамоми шароитҳои лозимиро барои раъйдиҳии озоди шаҳрвандон фароҳам овард.
Нозирони байналмилалӣ дар навбати худ зикр карданд, ки корҳои омодагирӣ доир ба гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шудаанд ва ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд. Инчунин онҳо изҳори умед карданд, ки маъракаи мазкур тибқи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба гузаронидани раъйпурсӣ сурат мегирад.

Май 20, 2016 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд