Обама ташкили «минтақаҳои бехатар»-ро дар Сурия ғайриамалӣ медонад
Душанбе, 03.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Президенти ИМА Барак Обама ташкили «минтақаҳои бехатар»-ро дар Сурия ғайриамалӣ медонад,- изҳор кард котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷош Эрнест. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Пештар пешниҳодот оид ба таъсис додани «минтақаҳои бехатар», ки метавонанд аҳолии осоиштаи Сурияро аз ҳамла муҳофизат намоянд, садо доданд.
«Нуқтаи назари президент оид ба «Минтақаи бехатар «тағйир наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, ӯ бовар надорад, ки «минтақаҳои бехатар» алтернативаи амалӣ дар баробари он ҳодисаҳое, ки дар Сурия рух медиҳанд, бошанд»,- изҳор дошт Эрнест.
Ба гуфтаи ӯ, президенти Амрико дар мавриди пешниҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди бепарвоз ва бехатар дар Сурия, ки як паноҳгоҳе барои шаҳрвандони Сурия бошанд, нигарон аст, зеро «он Иёлоти Муттаҳидаро дар асл ба ҳифзи минтақаҳои бехатар вазифадор менамояд «. Намояндаи расмии Кохи Сафед афзуд, ки ин аз Вашингтон «қувваҳои заминии назаррас»- ро талаб мекард.
«Ин метавонист неруҳои заминиро ба ҷабҳа кашад, чун эҳтимолан, ДИ мекӯшад ба ин минтақаҳо ворид шавад ва ин як вазъияти хеле хатарнок барои неруҳои Амрико хоҳад буд», — гуфт Эрнест.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






