Омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Новокузнетск

Май 18, 2016 12:11

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. То рӯзи ҷашни Вахдати миллӣ, ки  рӯзи ба ҳам омадан ва якдиливу сарҷамъии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, рӯзҳои башумор мондааст. Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо номи «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ин рӯзи муқаддасу фархунда омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Ҳунармандони дастаи  фолклориву ҳунарии «Нур», ки ба он ҷавонмарди кордону миллатдӯст Маматкарим Абдураҳимов  роҳбарӣ мекунад, барои  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ барномаи ҷолибу рангин  омода кардаанд, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстонаву сулҳпарварона ва саҳнаҳои театрикунонидашуда, ки ба мавзӯи сулҳу Вахдати миллӣ ва даҳшати ҷанг бахшида шудаанд, иборат мебошад.
— Мақсади мо,- гуфт зимни суҳбат М. Абдураҳимов,- тавассути шеъру суруд ва саҳнаҳо як мавзӯи муҳиму мубрами рӯз бо номи «Сулҳ баҳорест, баҳор оварад»-ро пешкаши ҳамватанону мардуми шаҳру минтақаи Новокузнетск кардан мебошад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки асосгузораш Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон мебошад, дар кулли кишварҳои олам мавриди омӯзиш қарор дорад. Ҳадафи аслии барномаи фарҳангии мо ба тамошобинони сершумор ҳамчун миллати сулҳдӯсту ободкор ва қадимиву таърихӣ нишон додани симои мардуми тоҷик мебошад.

Садбарг Бокиева,Душанбе-Новокузнетск

Май 18, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад