Озмуни «Куратори беҳтарин» ва «Синфхонаи беҳтарин» дар ДМИТ

Май 14, 2016 12:22

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо гузаронидани «Даҳ рӯзи ҷавонон» дар доираи таҷлили Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтаринҳо аз 11 то 18 майи соли равон дар байни факултаҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Куратори беҳтарин» ва «Синфхонаи беҳтарин» ҷараён дорад.
Ҳайати комиссия ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти кураторӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ; вазъи нигоҳдории синфхонаҳо, ороиш бо навиштаҷоту лавҳаҳои таълимию тарбиявӣ, гӯшаи гурӯҳ, муҷаҳҳаз будан ва ба талаботи тозагию беҳдоштӣ ҷавобгӯ будани он; нақшаҳои корӣ ва иҷрои он; усулҳои баргузории дарси тарбиявӣ, дарси кушоди тарбиявӣ; баргузории маҷлиси падару модарон ва давомоти гурӯҳро санҷида, баҳогузорӣ менамоянд.
Озмун 20 май дар маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст ва беҳтаринҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Май 14, 2016 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад