Президенти Тоҷикистон лоиҳаи «КАСА-1000»–ро таъмини пешрафту ободӣ ва мусоидат ба рӯзгори осудаи мардумони кишварҳои минтақа арзёбӣ кард

Май 10, 2016 18:00

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон, ки нимаи аввали имрӯз дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид, масъалаҳои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишвар, дастёбӣ ба сатҳи нави ҳамкории онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳор кард, ки: «Сафари нахустини расмии Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар марҳалаи муҳими рушди ҳамёрии ду кишвар дар доираи ҳамкории минтақавӣ ҷараён мегирад. Талошҳои муштараку ҳадафмандонаи мо ҷиҳати оғози корҳои сохтмон дар тарҳи минтақавии «КАСА-1000», ки маросими ифтитоҳи он дар Тоҷикистон доир мегардад, рамзи возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд».

Сарвари давлат таъкид намуд, ки: «Татбиқи пайгиронаи тарҳи дорои аҳамияти ҳаётан муҳими «КАСА-1000» ба таъмини пешрафту ободӣ ва рӯзгори осудаи мардумони кишварҳои мо мусоидати ҷиддӣ ва ниҳоят муассир хоҳад кард».

Амалӣ шудани лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тозаро аз Тоҷикистон ба Афғонистон бештар мекунад. Соли гузашта аз Тоҷикистон ба кишвари дӯсти Афғонистон 1 миллиарду 200 миллион ва давоми 4 моҳи соли равон ҳудуди 250 миллион киловатт-соат неруи барқ интиқол дода шудааст.

 

Май 10, 2016 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад