Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку: Даст ба тамоку барӣ, аз заҳри он андеша кун!

Май 31, 2016 14:29

Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май кишварҳои аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамокуро  ҷашн мегиранд.  Мавзӯи имсола  «Барои бастабандии сода ва одӣ омода бошед» мебошад. Бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ аз зарарҳои тамоку шурӯъ аз 23 май Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷоя бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Имрӯз чорабиниҳое, ки тӯли як ҳафта дар донишгоҳҳои кишвар, «Боғи Ирам» ва осоишгоҳи «Баҳористон» доир шуданд, ҷамъбаст гардиданд.
Дар суҳбате, ки бо ташаббуси  вазорат ва ТУТ гузашт, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар  Навруз Ҷаъфаров ва директори ТУТ дар Тоҷикистон Игрор Поканевич иштирок доштанд.
Бино ба гуфтаи муовини вазир Навруз Ҷаъфаров гузаштан ба бандубасти одӣ ва сода худ як зарба ба истеҳсолкунандагони маводи тамоку мебошад, яъне мақсад сафи шахсони тамокукашро кам кардан мебошад.
«Аз ҷониби вазорат корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, як санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ  Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав  ба Ҳукумати  ҶТ пешниҳод гардид. Дар ҳоли ҳозир он дар зинаи охирини мувофиқасозӣ қарор дорад. Баъдан он ба Парлумон пешниҳод хоҳад гашт»,-илова намуд Н.Ҷаъфаров.
Бастабандӣ намудани тамоку ин худ як лавҳаи сайёри эълонҳо мебошад, ки тарғибгар ва ташвиқкунандаи истеъмоли маҳсулоти тамоку маҳсуб мешавад.  «Бастабандӣ намудани тамоку маҳсулотро боз ҳам ҷолиб намуда, истеъмоли тамокуро тарғибу ташвиқ, назарҳоро аз огоҳсозиҳои ҳушдордиҳандаи зидди саломатӣ дур ва мардумонро гумроҳ менамояд ва баъзе истеҳсолкунандагон вонамуд менамоянд, ки дар муқоиса бо дигар маҳсулот гӯё маводи онҳо камтар зарар дошта бошад»,-баён дошт И.Поканевич.

Дар тамоми олам истеъмоли тамоку яке аз хатарҳои хеле калон ба шумор меравад. Ин омил ҳамасола сабабгори марги қариб 6 миллион одамон мегардад. Дар ҳар 6 сония аз таъсир ва истеъмоли тамоку тақрибан як нафар ба ҳалокат мерасад. Беш аз нисфи истеъмолкунандагони тамоку дар шароити ҳозира аз бемориҳое мефавтанд, ки пайдоишашон ба тамокукашӣ алоқаманд аст.
Кормандони соҳаи тиб пешниҳод менамоянд, ки ба тамокукашон барои даст кашидан аз истифодаи он кумак расонидан зарур аст. Дар ин кор саҳми оила ва табибон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Май 31, 2016 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад