Рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Панҷакент
Панҷакент, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Панҷакент корҳои барқарорсозии иншоотҳои хоҷагии халқ ва поксозии кӯчаю ҳавлиҳо, ки аз селобҳои рӯзҳои 9, 10 ва 11 майи соли равон ҳисороти зиёд диданд, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз низ сокинони шаҳр якҷо бо кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр», Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент ба поксозии хиёбони марказии шаҳр машғул буданд. Сарбозони қисми низомии 0570 ба оилаҳои зарардида дар кори тоза кардани ҳавлию боғҳо мадад мерасонанд.
Селоб Сои Зебонро аз қуму санг пур карда буд. Ҳоло дар мавзеи Обшорон панҷ техникаи пуриқтидори ҶДММ КМ «Зарафшон», ҳамчунин техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент, Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр маҷрои селгузарро аз қуму санг ва партовҳо тоза мекунанд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Саразм ва маҳаллаҳои шаҳр ба тоза кардани канали Тӯқсанкорез машғуланд. Бошандагони маҳаллаи Зардолузор дастаҷамъона хатти оби нӯшокии маҳалларо барқарор мекунанд.
Дар мавзеъҳои офатзадаи Дашти Қозӣ, Шинг, Косатарош ва ғайра низ мардуми зиёд бо истифода аз техника ва ба тариқи ҳашар пайомадҳои гарони селро рафъ мекунанд.
Ҷараёни корҳои барқарорсозӣ таҳти роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сурат мегиранд.
Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамъомади худ қарор доданд, ки маоши дурӯзаи корашонро ба хазинаи махсуси рафъи офат мегузаронанд. Ин ташаббуси некро ҷомеаҳои меҳнатии Панҷакент низ ҷонибдорӣ мекунанд.























Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






