Рафти раъйпурсии умумихалқии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Май 22, 2016 17:50

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ соати 07:00 ба вақти Риёз маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тибқи маълумоти Комиссияи участкавии раъйпурсии назди Сафорат, ба рӯйхати райъдиҳандагон дар маҷмӯъ 152 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар Мамлакати Арабистони Саудӣ иқомат доранд, ворид карда шудааст. Аз ҷумла, муқими шаҳрҳои Маккаи Мукаррама-12 нафар, Мадинаи Мунаввара-75 нафар ва боқӣ 65 нафари онҳо сокинони шаҳри Риёз мебошанд.

То ҳолати соати 12:00 бо вақти Риёз аксари шаҳрвандони муқими Макка ва Мадина овоз дода, маъракаи раъйпурсӣ дар участкаи интихоботӣ идома дорад.

Дар участкаи раъйпурсии назди Сафорат тамоми шароити лозимӣ барои тибқи қонунҳои ҷорӣ ҷараён гирифтани раъйпурсӣ фароҳам оварда шудааст.

Май 22, 2016 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад