Раъйпурсӣ аз ҳамагон ҳисси баланди масъулиятишиносиро тақозо дорад
Душанбе, 4.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳисси масъулиятшиносӣ ҳангоми иштирок дар раъйпурсӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни вохӯрӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Доктори илмҳои ҳуқуқ Имонқул Буриев оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, онро талаби замон арзёбӣ намуд. Номбурда зикр намуд, ки ин тағйиру иловаҳо ба демократикунонии ҷомеа дар оянда равона карда шудаанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ кормандони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро барои ширкати фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ изҳор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






