Саҳми Х. Додихудоев дар таҳқиқи проблемаҳои илми фалсафаи тоҷик

Май 18, 2016 14:32

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 80-солагии узви вобастаи АИ ҶТ Х. Додихудоев 17 май дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи илмӣ дар мавзӯи Саҳми Х.Додихудоев дар таҳқиқи проблемаҳои илми фалсафаи тоҷик баргузор гардид.
Дар  ҷаласаи илмӣ оид ба саҳми Х.Додихудоев дар рушди таърихи фалсафа ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммад Абдураҳмон ва доктори илмҳои фалсафа М. Маҳмадҷонова сухан карда,  саҳми Х. Додихудоевро дар рушди таърихи фалсафа дар Тоҷикистон назаррас ҳисобиданд.
Х.Додихудоев олими пурмаҳсул буда, дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз 300 кори илмӣ, аз ҷумла 7 монография оид ба ҷанбаҳои гуногуни фалсафа нашр намудааст.

Май 18, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад