«Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» мулоқоти навбатӣ дар Ваҳдат
Душанбе, 10.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Солеҳзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар робита ба мавзӯъ сухан гуфтанд.
Аснои баррасӣ ва муҳокимаи сабабҳо ва омилҳои гароиши ҷавонону наврасони тоҷик сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи «Шинохти хатари воқеии гурӯҳҳои ифротии динӣ ва тарзи фаҳмондани он ба мардум», сардори факултети «Огоҳонӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода»-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода З.А. дар мавзӯи «Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ» маърӯза карданд.
Инчунин дар робита ба мавзӯи суҳбат муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ ва сархатибони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ изҳори назар намуданд.
Дар моҳҳои қаблӣ низ бо иқдоми Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Турсунзода дар ҳамин мавзӯъ мизи мудаввар баргузор гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






