Сафари гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳал ба Бадахшон

Май 2, 2016 12:10

Душанбе, 02.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи корӣ барои таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷуҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ВМБК сафари корӣ анҷом дод.
Бояд ёдовар шуд, ки аз 27 то 30 апрели соли 2016 рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур 27 апрел дар ноҳияи Дарвоз, 28 апрел дар ноҳияи Рӯшон, 29 апрел дар ноҳияи Шуғнон ва 30 апрели соли равон дар шаҳри Хоруғ баргузор шуданд.
Ҳамзамон дар заминаи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 24 феврали соли 2016 бахшида ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, гурӯҳи кории Кумита бо мақсади мусоидат намудан ба раисони комиссияҳои дахлдор ва гурӯҳҳои ташаббускори вилояти Хатлон ҷиҳати дар марҳилаҳои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муайян намудани хона ва оилаи намунавӣ дар ҷамоати шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла бо пешниҳоди тавсияҳо дар ҷамъоварии маводҳо, тартиб додани саволномаҳо, баррасии нишондиҳандаҳо ва гузаронидани ҷаласаҳо сафари корӣ анҷом дод.
Ҳадафи чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад.

Май 2, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд