Сафари журналистон ба Бадахшон

Май 10, 2016 15:57

Душанбе, 10.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ намояндагон ва роҳбарони нашрияҳо бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба ВМКБ сафар намуданд, ки зимни он аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим дидан мекунанд.
Дирӯз ҳайати журналистонро раиси ВМКБ, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба ҳазур пазируфта, дар мавриди дастовардҳои ВМКБ маълумот дод.
Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Саҳми ВАО дар Ваҳдати миллӣ» суҳбати «мизи муддавар» доир гардид. Дар он гузориши директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар, муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ, директори Академияи ВАО Зинатулло Исмоилзода шунида шуд.
Дар фосилаи чорабиниҳо аёдати собиқадорони матбуот ва суҳбат бо журналистон доир мешавад.

Май 10, 2016 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад