Сайри машъали бозиҳои олимпӣ оғоз гардид
Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сайри (Эстафетаи) машъали бозиҳои олимпии Рио-2016-ро аввалин шуда, чемпиони дукаратаи олимпӣ дар ҳайати тими мунтахаби Бразилия оид ба волейбол Фабиана Клаудино аз пойтахти Бразилия оғоз бахшид.
Машъали олимпӣ аз шаҳри Лозаннаи Швейтсария тавассути тайёра ба шаҳри Бразилиа-пойтахти Бразилия ба резидентсияи Президенти ин кишвар оварда шуд. Маҳз аз ҳамин нуқта он давоми 95 рӯз 20 000 километрро дар рӯи замин ва 10 000 километрро дар ҳаво тай карда, 5 август ба Рио-де-Жанейро -варзишгоҳи Маракана дар расми кушодашавии бозиҳои олимпӣ мерасад ва машъали Бозиҳои тобистонаи олимпиро меафрӯзад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи апрел дар вайронаҳои олимпии нимҷазираи Пелопонеси Юнон расми бошукӯҳи афрӯхтани машъали бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 сурат гирифта буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






