“Севиля” ва сеюмин иштироки пай дар пай дар финали Лигаи Аврупо

Май 6, 2016 11:43

Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи “Севиля”-и Испания маротибаи сеюм ба бозии ниҳоии Лигаи Аврупо пай дар пай роҳхат гирифт. Дар рақобат бо дастаи “Шахтёр”-и Украина футболбозони ин даста бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба карданд. Тӯбҳоро Кевин Гамейро(9, 47) ва Мариано(59) аз “Севиля” ва Эдуардо(44) аз “Шахтёр” ба ҳадаф расониданд.

Бозии аввали ин дастаҳо бо натиҷаи 2 бар 2 хотима ёфта буд.

Дар бозии баргашти ҷуфти дуюми  нимниҳоӣ”Ливерпул”-и Англия “Виляреал”-и Испанияро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод. Дар варзишгоҳи “Энфилд Роуд” Даниэл Стариҷ(63), Адам Лалана( 81) ва Бруно Сорино(7 -автогол) голҳоро муаллифӣ карданд.

Бозии аввал бо пирӯзии “Виляреал” бо нишондоди 1:0 ба поён расида буд.

Ҳамин тавр, “Севиля” дар ду соли охир ду маротиба соҳиби Ҷоми лигаи Аврупо гардидааст, “Ливерпул  ҳанӯз соли 2001 ин ҷомро сазовор шуда буд.

 

 

Май 6, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад