«Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» муаррифӣ шуд

Май 6, 2016 16:43

Душанбе. 6.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе муаррифии маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» баргузор гардид.
Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ гуфт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои мухаддиротӣ коҳиш ёфтаанд.
Соли 2015 дар муқоиса бо соли 2014 ҳаҷми маводи нашъадори мусодирашуда дар ҳамаи минтақаҳои кишвар коҳиш ёфт, аз ҷумда ВМКБ — то 57, 7%, дар шаҳри Душанбе,- то 38,9 % , дар вилояти Суғд- то 35,4%, дар вилояти Хатлон-то 21,5% ва НТҶ-то 16%.
Мавсуф афзуд, ки соли 2015 ҳаҷми маводи нашъадори дар вилояти Хатлон мусодирашуда 58%-ро ташкил дод, ки ин чун ҳамасола аз нисф зиёди маводи нашъадори дар тамоми ҷумҳурӣ мусодирашуда мебошад.
Бояд зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 676кг воситаҳои нашъадор мусодира шуданд, ки ин нисбат ба соли 2014 қариб 2 т кам мебошад.
Ба иттилои Ш. Салимзода, ду соли охир аз ҳаҷми умумии маводи нашъадори мусодирашуда кам шудани ҳиссаи воситаҳои нашъадори гурӯҳи бангдона ва зиёд шудани гурӯҳи афюн ба назар мерасад.
Соли 2015 дар муқоиса бо соли 2014 шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар шаҳри Душанбе ва вилоятиСуғд амалан дар сатҳи пештара боқӣ монда, дар вилояти Хатлон афзоиш ёфта, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коҳиш ёфт. Соли гузашта дар Тоҷикистон нишондиҳандаи шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда ба 100 ҳазор аҳолӣ яке аз пасттарин нишондиҳанда дар байни кишварҳои Осиёи Миёна ва Руссия ба ҳисоб мерафт.
Ашита Миттал, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки раёсати мазкур шарики асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳоро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор амалӣ мегардонад.
Мавҷудияти сарҳади тӯлонии Тоҷикистон бо бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи афюнӣ дар ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти вобаста ба муомилот ва истеъмоли ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин бо дороиҳои молиявии ғайриқонунии аз фурӯши воситаҳои нашъадор ба дастоварда, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», бешубҳа, ба ҳалли ин масъалаҳо таъсири муҳим мерасонад.

Май 6, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд