Шиносномаҳои хориҷии навъи қаблӣ (кабуд) ба муҳлати як сол тамдид карда мешаванд
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки шиносномаҳои хориҷии навъи қаблӣ (кабуд) то 1 июли соли 2016 ва танҳо ба муҳлати як сол тамдид карда мешаванд.
Бино ба иттилоои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои дурдасти ҳавзаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иқомат менамоянд ва ё ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд, метавонанд аз тариқи SMS ба рақами +7 (985) 152 16 68 ва почтаи электронии -consulate@tajembassy.ru худро ба навбати электронӣ, ҷиҳати гирифтани шиносномаи хориҷии навъи биометрӣ гузоранд.
Барои ба навбат гузоштан шаҳрванд бояд ному насаб, номи падар, рақами телефон ва суроғаи истиқомати доимии худро ба рақам ва почтаи мазкур ирсол намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






