«Созандагони Ватан»-и вилояти Суғд дар сафи пеши тарғибот

Май 7, 2016 10:14

Душанбе, 7.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ҷаласаи гурӯҳи кор бо ҷавонони ситоди вилоятии ҲХДТ оид ба раъйпурсии умумихалқӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарони намояндагиҳои Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва аъзои фаъоли он иштирок намуданд. Зимни баргузории ҷаласа масъалаҳои тарғиботӣ, тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” ва “кӯча ба кӯча”,  доир намудани роҳпаймоиву ҳамоишҳои ҷавонон ба хотири ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари ситоди ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов иброз намуд, ки ҷавонон нисбат ба ҳаёту тақдири оянда худ бетараф нестанд ва намегузоранд, ки ҳеҷ қуввае ба тақдири онҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ҷавонони фаъол даъват ба амал овард, ки аз тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ҷонибдорӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори намояндагии Ташкилоти чамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ва дастгирии кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти унвони «Ҷавонон — ҷонибдори рушди босуботи кишвар» ҳамоиши ҷавонон доир шуда истодааст. Дар рафти ҳамоиш ва роҳпаймоиҳо ҷавонон мавқеи худро нисбат ба чорабинии муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ, ки ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли равон баргузор мешавад, муайян намуда, аҳолиро барои иштирок дар он даъват намуда истодаанд. ТҶҶ «Созандагони Ватан» чунин чорабиниҳои сернуфузро то рӯзи баргузории раъйпурсӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ доир хоҳад намуд.

Май 7, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад