«Суҳбати ҳамсол»- вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон дар ДДТТ

Май 13, 2016 15:05

Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 майи соли равон аз ҷониби аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» бо истиқоматкунандагон донишҷӯдухтароне, ки аз тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, дар хобгоҳҳои рақамҳои 2 ва 3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино зери унвони «Суҳбати ҳамсол» бо иштироки беш аз 140 нафар духтарон суҳбати озоду самимӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ, зери назари ҳамешагӣ қарор додани ҳаёти сиёсии ҷаҳони муосир, раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эмин мондан аз хатару таҳдидҳои равандҳои тундгароию ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби аъзои фаъоли «Пешоҳанг» зикр гардид, ки донишҷӯдухтарон дар ободонӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Май 13, 2016 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад