Суғд: Амалиёти «Кӯкнор — 2016» дар ду марҳила гузаронида мешавад
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави вилояти Суғд дар ду марҳила- аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли равон амалиёти «Кӯкнор — 2016» гузаронида мешавад.
Дар робита ба ин бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонуние, ки дар қаламрави вилояти Суғд кишт шудаанд, Қарор ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур барои пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, аз ҷониби шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъовари шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда, таблиғӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба назар гирифта шудааст.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






