Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия роҳи рушди давлатро барои садсолаҳо муайян мекунанд

Май 4, 2016 16:22

Ёвон, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Азимзода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби масъулин зикр карда шуд, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, бо шарофати қабули Сарқонун халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ муаррифӣ шудааст. Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян мекунанд.

Май 4, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад