Таҷлили Рӯзи Ғалаба арҷгузорӣ ба корномаи гузаштагон аст
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.
Муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Ғалаба ва арҷгузорӣ ба корнамоиву қаҳрамониҳои родмардон вазифаи муқаддаси ҳар нафар шаҳрванди худогоҳ буда, омили муҳими тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату ҷасорат ва далерию мардонагист. Корномаи иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳифаи таърих бо хатти заррин сабт гардида, барои наслҳои оянда дарси ибрат аст. Маҳз иттиҳоду ваҳдати комили ҷанговарон ва дастгириву мадади мардуми ақибгоҳ барои расидан ба ин пирӯзии нодир такон бахшид. Бинобар ин мо, насли имрӯза бояд ба қадри сулҳу субот ва оромиву Ваҳдати миллӣ бирасем ва барои таҳкими он бикӯшем.
Донишҷӯён доир ба таърихи ҶДҶ ва аҳамияти таърихии ғалабаи халқи шӯравӣ дар ин набард маърӯзаҳо намуда, дар васфи Ватан, иди Ғалаба ва модар шеърҳо қироат намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






